Кӯмаки IFC барои беҳдошти қонун дар бораи тафтиши корхонаҳо

Июнь 10, 2014 15:40

Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). – Корпоратсияи  байналмилалии  молиявӣ  (IFC) —  узви  гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати  Тоҷикистон  барои  таҳияи қонуни  нав   ҷиҳати  беҳдошти   раванди  тафтиши   корхонаҳо  кӯмак  мекунад. Ин имкон  медиҳад, ки шумораи  маъмурони   корхонаҳо  ва  хароҷоти онҳо  хеле  кам  карда шавад. Дар  ин бора  аз  дафтари  IFC дар  Тоҷикистон ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд.
Корпоратсияи  байналмилии молиявӣ зимни  ҳамкорӣ  бо  Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ ва  идораи  амволи   давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бахшида ба  лоиҳаи  қонуни нав  мизи  мудаввар  доир  менамояд. Ислоҳоти қонуни  мазкур   дар  бораи  тафтишот, ки онро   гурӯҳи   кории  ҳукумат  бо  назардошти   машваратҳо  бо Корпоратсияи  байналмилалии  молиявӣ  таҳия  намудааст, қонуни  зикршударо  мукаммал  месозад. Ин имкон  медиҳад, ки  корхонаҳо  дар  панҷ  сол на  зиёдтар  аз  як  маротиба  тафтиш  карда шаванд.
Ин ибтикорот ҷузъи саъю кӯшишҳои Корпоратсияи  байналмилалии  молиявӣ  ҷиҳати  беҳдошти  вазъи  сармоягузорӣ  бо  василаи расонидани  таъсир  ба  сармояҳо  ва  коҳиш  додани хароҷот  бо  риояи  талаботи  соҳибкорӣ  маҳсуб  меёбад. 
Барномаи  Осиёи  Марказӣ   ҷиҳати  беҳдошти  вазъи   сармоягузорӣ  ба  туфайли  дастгирии  молиявии  ҳукумати  Швейтсария  ва Раёсати Шоҳигарии  Муттаҳида оид ба рушди  байналмилалӣ имконпазир  гардид.   

Июнь 10, 2014 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад