Кӯшиши раҳо ёфтан аз ҷавобгарӣ бо роҳи порадиҳӣ
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – 10 июн кормандони шуъбаи ВКД дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи Қумсангир дарак ёфтанд, ки сокини ноҳияи мазкур Ҳомидов Абдунаим ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул аст.Мувофиқи маълумоти ВКД, Абдунаим Ҳомидов ҳангоми ба сокини ноҳияи мазкур Назирхуҷаев Зиёратшо хариду фурӯш намудани асъори хориҷӣ дастгир шуд. Абдунаим Ҳомидов дар ҷараёни тафтишот ба корманди милиса чун пора 1000 сомонӣ пешниҳод намуд. Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






