Кашфи усулҳои нави хариду фурӯши маводи мухаддир
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумрук муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиётҳои махсуси фавриву ҷустуҷуӣ доир менамоянд, ки дар натиҷаи он гурўҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб безарар ва аз онҳо миқдори махсусан калони ин маводи зиёновар дарёфт ва мусодира мешаванд.
Дар натичаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ба кормандони фаврии Хадамот муяссар гашт, ки яке аз ҷинояткорони фаъоли гурӯҳи нашъаҷаллобро боздошт намоянд.
Ин ҷинояткор зери ниқоби тоҷири нақлиётҳои сабукрав ва намояндаи яке аз фирмаҳои афғонӣ буда, ба хариду фурўш, интиқол ва нигоҳдории маводҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон даст доштааст.
Ин нафар сокини вилояти Бадахшони Афғонистон Муҳаммаднаим валади Азими буда, соли 2008 ба Тоҷикистон омада, то ба имрўз инҷо кор ва зиндагӣ доштааст.
Яке аз усулҳои ба фурўш баровардани маводи маргбори гурўҳи ҷиноӣ ба ҷои маблағ гирифтани автомашинаҳои сабукрави тамгаҳои хориҷии гароннарх буда, баъд аз соҳибӣ кардани наклиёт онҳоро ҳамчун тоҷир ба фурўш гузошта, бо ин роҳ худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ дур нигоҳ доштан будааст.
Ин дафъа низ Мухамамаднаим бо гирифтани як автомашинаи тамғаи «Lexus» бо нархгузории 55 ҳазор доллари амрикоӣ ва пешпардохт ба маблағи 6 ҳазор долари дигар ҳангоми фурӯши зиёда аз 40 кг маводи сахттаъсири навъи героин дастгир шуд.
Ҳамчунин зимни амалиётҳои фаврӣ — ҷустуҷӯии кормандони гумрук муайян гардид, ки дастгиршуда Мухаммаднаим валади Азим аз тарафи сохторҳои амниятии Афғонистон дар кофтукови ҷиноӣ бо гумони даст доштан ба кӯштор қарор доштааст.
Айни ҳол корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди қочоқи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба дастгир кардани аъзоёни дигари ин гурӯҳи ҷиноӣ идома дорад.
Дар ин бора сухангӯи маркази матбуоти Хадамоти гумрук Ҳумайро Мирова иттилоъ дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






