«Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»-озмун

Июнь 16, 2014 09:18

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-  Китобхонаи  давлатии патентию техникии Муассисаи  давлатии «Маркази миллии патенту  иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод  ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба «Рӯзи китоб» -4 сентябр озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014-ро баргузор менамояд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» директори китобхонаи мазкур Боймурод Боев иттилоъ дод, дар озмун  оид ба номгӯйи «Китобхонаи сол» китобхонаҳои  ҷумҳурӣ новобаста аз тобеият ва аз рӯи номгӯйи «Китобдори сол» кормандони фаъоли китобхонаҳои маҳаллаҳо, ҷамоатҳо, шаҳракҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд.
Дар  номгӯйи «Китобхонаи шахсии  сол» онҳое ширкат меварзанд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ китобхонаи шахсии худро эҳё намудаанд, ё ин ки  дар манзили шахсии худ китобхонаи нодиреро таъсис додаанд, ки аз он ёру дӯстон, хешу ақрабо ва дигар табақаи ниёзмандон истифода мебаранд. 
      Иштирокчиёни озмун аз тариқи паёмакҳо, инчунин аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баҳогузорӣ мешаванд. Дар озмун ҷойи аввал, ҷойи дуюм ва ҷойи саввум муқаррар шудааст. Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот диплому ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи «Гран-при» супорида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки     натиҷаи озмун  дар «Рӯзи китоб»- 4 сентябр дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ дар Душанбе эълон  мешавад.
 

Июнь 16, 2014 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд