Коркарди дубораи партовҳо
Душанбе, 7.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси Маркази дастгирии ҷавонони болаёқати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар саҳни донишгоҳ байни донишҷӯёни факултаҳо озмуни «Як рӯзи тозагӣ ва истифодаи дубораи партовҳо» доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Бобоҷон Самиев изҳор кардааст,ки ҳифзи муҳити зист аз ҳама ҷиҳат муҳим асту вазъи экологии моро хуштар нигоҳ медорад. Барои ин, мо бояд ба тозагӣ ва ҳифзи неъматҳои табиӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Мувофиқи гуфтаҳои ӯ дар бисёре аз давлатҳо танҳо аз партовҳо чандин намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ба ин масъала олимони мо низ диққати ҷиддӣ дода истодаанд.
Мутобиқи шартҳои озмун гурӯҳҳо аз ҳар факулта ба маҳалҳои муайяншуда сафарбар гардиданд, то дар муддати як соати вақти ҷудошуда ин мавзеотро аз назар гузаронида, партов ҷамъ кунанд ва аз он маҳсулот омода созанд. Дар муддати муқаррашуда донишҷӯён асбобҳои аз партов тайёркардаашонро, ки аз навгониҳое ба монанди нусхаи мошин, ашёи шамолдиҳандаву ба кори дуредгарӣ мувофиқ ва дигар намуди коркардҳо иборат буданд, ба маърази намоиш гузоштанд. Аз рӯи натиҷаи баҳои ҳакамон ҷойи якум ба факултаи химия, ҷойи дуюм ба факултаи технология ва соҳибкорӣ ва ҷойи сеюм ба факултаи педагогика насиб гардид. Ғолибон соҳиби туҳфаҳо гаштанд. Ҳамчунин, ба ду нафар духтари факултаи педагогика барои ҳавасмандгардонӣ ифтихорнома дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






