Кормандони ВКД ду ҳодисаи ҷинояткориро ошкор намуданд

Июнь 6, 2014 15:08

Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). —  5  июн  кормандони  милиса  ду  ҳодисаи  ҷинояткориро  ошкор  намуданд. 
Назар  ба  хабари  ВКД ҶТ, ҳангоми  амалиёти  фаврӣ  дар  кӯчаи  Гагарини пойтахт  сокини  шаҳр Паҳлавӣ  Муҳаммадиев  бо  гумонбари  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир   дастгир  шуда,  аз  мавсуф  1  килограмму  754  грамм  героин  мусодира  гардид. 
Ба  гуфтаи  манбаъ,  дар ҷараёни  амалиёти «Кукнор – 2014»  дар  ҳудуди  шаҳраки  Чубаки  ноҳияи  Ҳамадонӣ  аз  манзили  шаҳрванд  Ойаҳмад  Нуров  48 ниҳоли  бангдонаи  вазни  умумиашон  2  килограмму  50  грамм  мусодира  гардид.
Аз  рӯи  ин  қазия  парвандаи  ҷиноӣ  кушода шудааст. 

Июнь 6, 2014 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш