Кумаки судҳо ба мактаб-интернати Роштқалъа
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 26 июн аз ҷониби Шӯрои адлия, судҳои ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур-и пойтахт ва Рӯдакӣ, инчунин судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд бахшида ба ҷашни 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба интернати давлатии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и ноҳияи Роштқалъа ашёи ошхона ва хона ба маблағи 27 ҳазору 184 сомонӣ кумаки хайриявӣ расонида шуд.Аз Шӯрои адлия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин мактаб-интернат 55 нафар тарбиягиранда таълим мегиранд, ки аз ин шумора 21 нафари онҳо падар ё модар надошта, 34 нафари дигар аз оилаҳои камбизоат мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






