Лағви 8 қарори судҳо дар бораи ихроҷи шаҳрвандони ҶТ
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Моҳи майи соли ҷорӣ суди болоӣ 8 қарори судҳои ноҳиявии минтақаи Маскавро дар бораи ихроҷи маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон бекор намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов хабар медиҳад.
Ҳуқуқшиносони намояндагӣ дар асоси аризаҳои шаҳрвандон шикоятномаҳоро таҳия ва ба суди шаҳри Маскав ирсол намуданд. Суди шаҳри Маскав бо назардошти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар мавриди будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон қарори шаш суди ноҳиявии пойтахтро дар бораи ихроҷи шаҳрвандон бекор намуд.
Суди вилояти Маскав боз ду ҳамин хел шикоятномаро баррасӣ карда, ба таври қаноатбахш ҳал намуд.
Дар робита бо ин, намояндагӣ муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистонро бори дигар даъват менамояд, ки меъёрҳои қонунии бахши муҳоҷиратро қатъиян риоя карда, сари вақт ба қайди муҳоҷиратӣ дароянд, ҳуҷҷатҳоеро, ки иҷозати фаъолияти меҳнатиро медиҳанд, ба расмият дароранд.
Мувофиқи суханони Иброҳим Аҳмадов, баъзан ҳамватанони мо фақат бо пешниҳоди иҷозатнома фармоишоти шахсони ҳуқуқиро баҷо меоранд. Дар чунин мавридҳо шаҳрвандони зикршуда қонуншикан дониста, аз рӯи моддаи 18 Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Дар шаҳрҳои Маскав, Санкт — Петербург ва вилоятҳои Маскаву Ленинград ҳатто дар сурати бори аввал рух додани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қонуни федералӣ ихроҷи маъмурӣ ва дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл ситонидани ҷаримаро пешбинӣ менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






