Лаки аз “Matiz”героин ёфт
Душанбе, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар паҳнкунандаи маводи нашъаоварро дастгир намуданд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт дар назди Корхонаи гӯшти ҷумҳурӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардид, ки аз кисаи шимаш пакетҳои героиндор дарёфт гардиданд.
Баъдан кормандони Агентӣ мошини шахсии тамғаи “Matiz ”-ро, ки ба боздоштшуда тааллуқ дошт, бо истифода аз саги хизматӣ бо лақаби Лаки кофтуков намуданд. Дар дохили мошини мазкур махфигоҳ бо героин ошкор шуд. Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, боздоштгардида героинро дар пакетҳо бо вояи яккарата тайёр карда, бо фурӯши яклухт мегузошт.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






