М. Убайдуллоев Жан-Пер Белро ба Тоҷикистон даъват кард

Июнь 12, 2014 16:19

Душанбе, 12.06.2014(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи сафари расмии худ ба Фаронса ба Сенати ин кишвар ташриф оварда, бо Жан-Пер Бел -Президенти Сенати Фаронса мулоқот анҷом дод. Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо ҳамтои фаронсавиаш ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронса, ки тӯли солҳои охир густариш меёбанд, баҳои баланд дода, дурнамои онро нек арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки сафари нахустини расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Фаронса дар тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард. Бо дахли ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Фаронса М. Убайдуллоев аз сифати корҳои анҷомдодаи ширкати фаронсавии «Итрон Франс» дар таҳвили ҳисобкунанкҳои обӣ барои КВД «Обу корези Душанбе» изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, дар мулоқот масоили марбут ба бунёди терминали нави замонавӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки аз ҷониби Фаронса сохта мешавад ва он моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, матраҳ шуд. М. Убайдуллоев зикр кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ ва канданиҳои табиист ва дар ин самт ҷиҳати сохтмон ва ба кор даровардани корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, хусусан фаронсавӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мусоҳибон ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот доир ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд. Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки бо назардошти вазъи ноороми сиёсӣ дар Афғонистон, ки Тоҷикистон бо он ҳамҷавор аст ва беш аз 1400 километр марз дорад, андешидани тадбирҳои дастаҷамъона ҷиҳати ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона ва дигар зуҳуроти номатлуб саривақтист. Жан-Пер Бел -Президенти Сенати Фаронса пешниҳодҳои ироанамудаи ҳамтои тоҷикашро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Фаронса дар бахшҳои мухталиф тавассути дипломатияи парламентӣ тадбирҳои судманд андешида хоҳанд шуд. «Мутмаинам, ки дар ин самт нақши гуруҳҳои дӯстии парлумонӣ беш аз пеш муассиртар мегардад», таъкид кард Президенти Сенати Фаронса.Маҳмадсаид Убайдулоев дар фарҷоми мулоқот аз ҳамтои фаронсавиаш Жан-Пер Бел даъват ба амал овард, ки дар фурсатҳои барояш муносиб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф орад. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Июнь 12, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд