Мақоми нави М.Ҳақдодов
Душанбе, 30.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов-муовини котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай таъин гардид. Дар робита ба ин, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуим палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Ҳақдодов пеш аз муҳлат қатъ гардида, аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бароварда шуд. Ҳамзамон бо Қарори Маҷлиси намояндагон М. Ҳақдодов аз вазифаи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон озод карда шуда, аз ҳайати Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат хориҷ гардид. Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон дар ин росто гуфт, ки Маҳмадшариф Ҳақдодов тӯли фаъолияташ дар Парлумони кишвар аз худ масъулиятшиносию кордонӣ нишон дода, рисолати вакилии худро иҷро намуд. Дар робита, Шукурҷон Зуҳуров ба М. Ҳақдодов бобати саҳми муносибаш дар рушди парламентаризм, масоили марбут ба экология ва равобити хориҷии Маҷлиси намояндагон «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагонро супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






