Маҳфили адабӣ ба хотираи неки Фотеҳ Ниёзӣ
Душанбе, 6.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ ба хотири адиби тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ баргузор шуд. Дар он шоирону нависандагон ва аҳли илму адаб аз кишварҳои ҳамсарҳад ширкат варзиданд.
Тавре ки зикр шуд, Фотеҳ Ниёзӣ яке аз донишмандони барҷастаи адабиёти тоҷик буда, дар солҳои 30-юми садаи гузашта ба майдони адабиёти тоҷик ворид шуда, аз худ мероси арзишмандеро ба мерос гузоштааст.
Бо ёдоварӣ аз осори гаронбаҳои адиби зиндаёд гуфта шуд, ки баробари офаридани асарҳои бадеӣ Ниёзӣ ҷангноманавис низ буда, доир ба воқеоти солҳои 40-ум низ як силсила асарҳоро ба иншо расонидааст, зеро худи нависанда иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд.
«Ҳар беша гумон мабар, ки холист» ҳамон офаридаест, ки мақбули хонандагони зиёде гардидааст. Асари «Сарбозони бесилоҳ» ҳаёти мардумони ақибгоҳро, ки дар таъмини ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд, инъикос намудааст.
Ёдрас мекунем ,ки Фотеҳ Ниёзӣ ҳамчунин муаллифи яке аз романҳои гаронарзиши адабиёти тоҷик «Вафо»-мебошад, ки он аслан ишқӣ -бадеӣ буда, аз паҳлӯҳои гуногуни рӯзгори даврии мардум қисса мекунад. Нақши Фотеҳ Ниёзӣ дар адабиёти тоҷик назаррас унвон шуда, аҳли адаб то ба имрӯз ҳам чароғи хотираи ӯро равшан нигоҳ медоранд. Имрӯзҳо, ки аз рӯзгори ин қаламбадасти адабиёти тоҷик расо сад сол сипарӣ мегардад, аҳли адаб бо қиссаҳои ширин замони фаъолияту эҷодиёти Фотеҳ Ниёзиро ба хотир меоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






