Манфиатҳои миллиро ҳифз бояд намуд
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Равандҳои ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир бо суръат идома доранд. Дар ин асно баҳсе ба миён меояд, ки оё ин омилҳо ба манфиатҳои миллӣ мухолифатпазир нестанду хавфи бегонапарастиро дар худ таҷассум намекунанд ва ғояи мазкур урфу одат, меҳанпарастӣ, забон, таърих, фарҳанг ва аз ҳама беш муттаҳидиро ғарқи худ намекарда бошад? Ба ин савол ба хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (№ 22 (9344.) аз 29.05.2014) корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев посух додааст. Ба назари шумо мафҳуми манфиатҳои миллиро аъзоёни ҷомеаи мо хуб дарк мекунанд? Дар Тоҷикистон тафовут дар фаҳмиши манфиати миллӣ ончунон ки дар Руссия аст, ошкор нест. Бо вуҷуди ин, ҳатто мушоҳидаҳои сатҳӣ нишон медиҳад, ки дар ин масъала равишҳои гуногун вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон ба чор равиш тақсим кард: равиши аввал дар он зоҳир мешавад, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои ғарбӣ афзалият медиҳанд; равиши дуввум онҳоеро муттаҳид месозад, ки Руссияро чун қутбнамо мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Руссия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад, чунки ба татбиқи лоиҳаҳои миллии иқтисодӣ мусоидат мекунад; равиши севвум дар тамоюли бештар бо арзишҳои исломӣ ва зарурати ҳамгароии наздик бо давлатҳои исломӣ ва қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон зоҳир мешавад; тарафдорони равиши чаҳорум бар ин ақидаанд, ки сиёсати хориҷии бисёрқутбӣ бештар бо манфиати миллии Тоҷикистон созгор аст, зеро иҷрои вазифаҳои стратегии вобаста ба тақвияти истиқлолияти онро таъмин менамояд.Пас тарафдорони кадом раванд бештаранд?Зимнан, дар давраи бӯҳрони энергетикии Тоҷикистон равиши чаҳорум тарафдорони бештар пайдо кардааст. Нафарони алоҳида ақидаеро дастгирӣ мекунанд, ки вақти он расидааст, то мо ба манфиатҳои миллии худ афзалияти бештар диҳем. Бо он кишварҳое кор мебояд кард, ки онҳо омодаанд бо мо холисона ҳамкорӣ кунанд. Дар маҷмӯъ бо ин ақида баҳс намудан нашояд.Яъне, дигар равандҳо барои мо бегонаанд?Ҳаргиз. Бояд иброз дошт, ки нисбати равиши аввал, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои Ғарбӣ афзалият медиҳанд, як навъ тафовут дар ҷаҳонбинии онҳо ки берун аз дарки арзишҳои муҳимтарини миллӣ аст ба таври возеҳ аён мегардад. Аммо бовуҷуд худи ман шахсан тарафдори он муттафаккире ҳастам, ки мефармояд: «ман ба ақидаи Шумо розӣ шуда наметавонам, вале омодаам ҷонамро фидо кунам, то Шумо имкони баён кардани фикратонро дошта бошед». Бубинед, ки олами Шарқ майлу кӯшиши ба арзишҳои Ғарб эътибор додан ва онро пайравӣ карданро дорад, локин чуноне, ки нависандаи англис – Р.Киплинг гуфтааст: «Дар ҳар сурат Шарқ – Шарқ асту Ғарб-Ғарб ва онҳо ҳеҷ имкони бо ҳамдигар васл шуданро надоранд». Вале ин ақида низ ҳақиқати ниҳоӣ нест.Дар мавриди ҳамкориҳо бо кишвари Россия чӣ назар доред?Чуноне, ки қаблан гуфта будем, равиши дуввум онҳоеро муттаҳид месозад, ки Руссияро чун қутбнамо мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Руссия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад. Ба ақидаи мо дар ҳамкорию сиёсати беруна нашояд ба як давлати алоҳида, новобаста аз он ки ин давлат дорои иқтидори азим аст ё на, ба он афзалият дода шавад. Чунки дар ин сурат манфиатҳои мо маҳдуд ва пойбанди якҷониба мешаванд, ва аз ин мо бурд намекунем. Бинобар ин Моро зарур аст, ки аз муносибатҳои вуҷуддошта рӯй нагардонда, имкониятҳои то ин дам бо дигар кишварҳои дунё истифоданабурдаро кашф кунем ва дар мавриди мувофиқ ба манфиатҳои ҳамаҷонибаи давлатамон истифода барем. Мутмаинем, ки роҳбарияти воломақом ин нуктаро аз мо дида бештар дарк мекунанд ва мавриди истифода қарор медиҳанд.Пайравӣ ба арзишҳои исломӣ то кадом ҳад ба манфиатҳои миллӣ метавонад созгор бошад?Арзишҳои исломӣ, ки онро тарафдорони равиши севвум ҷонибдоранд ва бо зарурати ҳамгироии наздик бо давлатҳои исломӣ ва қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон тамоюли бештар доштан асоснок мекунанд, нигоҳи яктарафаро мемонад. Зеро худи ҳамин давлатҳо дар пешбурди сиёсати берунаашон ҳамкориҳои иқтисодиашонро дар чорчӯбаи додугирифт танҳо бо ҳамдину ҳамзабонони худ маҳдуд намесозанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пешрафти бомайлони онҳо дар асоси омӯхтан ва дар ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳои мухталиф сурат мегирад. Бинобар ин моро ҳам зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ чунин роҳро пеш гирем.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






