Манфиатҳои миллиро ҳифз бояд намуд

Июнь 11, 2014 14:47

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Равандҳои ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир бо суръат идома доранд. Дар ин асно баҳсе ба миён меояд, ки оё ин омилҳо ба манфиатҳои миллӣ мухолифатпазир нестанду хавфи бегонапарастиро дар худ таҷассум намекунанд ва ғояи мазкур урфу одат, меҳанпарастӣ, забон, таърих, фарҳанг ва аз ҳама беш муттаҳидиро ғарқи худ намекарда бошад? Ба ин савол ба хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (№ 22 (9344.) аз 29.05.2014) корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев посух додааст. Ба назари шумо мафҳуми манфиатҳои миллиро аъзоёни ҷомеаи мо хуб дарк мекунанд? Дар Тоҷикистон тафовут дар фаҳмиши манфиати миллӣ ончунон ки дар Руссия аст, ошкор нест. Бо вуҷуди ин, ҳатто мушоҳидаҳои сатҳӣ нишон медиҳад, ки дар ин масъала равишҳои гуногун вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон ба чор равиш тақсим кард: равиши аввал дар он зоҳир мешавад, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои ғарбӣ афзалият медиҳанд; равиши дуввум онҳоеро муттаҳид месозад, ки Руссияро чун қутбнамо мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Руссия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад, чунки ба татбиқи лоиҳаҳои миллии иқтисодӣ мусоидат мекунад; равиши севвум дар тамоюли бештар бо арзишҳои исломӣ ва зарурати ҳамгароии наздик бо давлатҳои исломӣ ва қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон зоҳир мешавад; тарафдорони равиши чаҳорум бар ин ақидаанд, ки сиёсати хориҷии бисёрқутбӣ бештар бо манфиати миллии Тоҷикистон созгор аст, зеро иҷрои вазифаҳои стратегии вобаста ба тақвияти истиқлолияти онро таъмин менамояд.Пас тарафдорони кадом раванд бештаранд?Зимнан, дар давраи бӯҳрони энергетикии Тоҷикистон равиши чаҳорум тарафдорони бештар пайдо кардааст. Нафарони алоҳида ақидаеро дастгирӣ мекунанд, ки вақти он расидааст, то мо ба манфиатҳои миллии худ афзалияти бештар диҳем. Бо он кишварҳое кор мебояд кард, ки онҳо омодаанд бо мо холисона ҳамкорӣ кунанд. Дар маҷмӯъ бо ин ақида баҳс намудан нашояд.Яъне, дигар равандҳо барои мо бегонаанд?Ҳаргиз. Бояд иброз дошт, ки нисбати равиши аввал, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои Ғарбӣ афзалият медиҳанд, як навъ тафовут дар ҷаҳонбинии онҳо ки берун аз дарки арзишҳои муҳимтарини миллӣ аст ба таври возеҳ аён мегардад. Аммо бовуҷуд худи ман шахсан тарафдори он муттафаккире ҳастам, ки мефармояд: «ман ба ақидаи Шумо розӣ шуда наметавонам, вале омодаам ҷонамро фидо кунам, то Шумо имкони баён кардани фикратонро дошта бошед». Бубинед, ки олами Шарқ майлу кӯшиши ба арзишҳои Ғарб эътибор додан ва онро пайравӣ карданро дорад, локин чуноне, ки нависандаи англис – Р.Киплинг гуфтааст: «Дар ҳар сурат Шарқ – Шарқ асту Ғарб-Ғарб ва онҳо ҳеҷ имкони бо ҳамдигар васл шуданро надоранд». Вале ин ақида низ ҳақиқати ниҳоӣ нест.Дар мавриди ҳамкориҳо бо кишвари Россия чӣ назар доред?Чуноне, ки қаблан гуфта будем, равиши дуввум онҳоеро муттаҳид месозад, ки Руссияро чун қутбнамо мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Руссия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад. Ба ақидаи мо дар ҳамкорию сиёсати беруна нашояд ба як давлати алоҳида, новобаста аз он ки ин давлат дорои иқтидори азим аст ё на, ба он афзалият дода шавад. Чунки дар ин сурат манфиатҳои мо маҳдуд ва пойбанди якҷониба мешаванд, ва аз ин мо бурд намекунем. Бинобар ин Моро зарур аст, ки аз муносибатҳои вуҷуддошта рӯй нагардонда, имкониятҳои то ин дам бо дигар кишварҳои дунё истифоданабурдаро кашф кунем ва дар мавриди мувофиқ ба манфиатҳои ҳамаҷонибаи давлатамон истифода барем. Мутмаинем, ки роҳбарияти воломақом ин нуктаро аз мо дида бештар дарк мекунанд ва мавриди истифода қарор медиҳанд.Пайравӣ ба арзишҳои исломӣ то кадом ҳад ба манфиатҳои миллӣ метавонад созгор бошад?Арзишҳои исломӣ, ки онро тарафдорони равиши севвум ҷонибдоранд ва бо зарурати ҳамгироии наздик бо давлатҳои исломӣ ва қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон тамоюли бештар доштан асоснок мекунанд, нигоҳи яктарафаро мемонад. Зеро худи ҳамин давлатҳо дар пешбурди сиёсати берунаашон ҳамкориҳои иқтисодиашонро дар чорчӯбаи додугирифт танҳо бо ҳамдину ҳамзабонони худ маҳдуд намесозанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пешрафти бомайлони онҳо дар асоси омӯхтан ва дар ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳои мухталиф сурат мегирад. Бинобар ин моро ҳам зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ чунин роҳро пеш гирем.

Июнь 11, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд