Маърифати экологӣ нурбахши руҳияи инсонҳост
Душанбе, 21.06.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 20-уми июни соли 2014 дар факултаи биологияи ДМТ дар мавзўи «Маърифати экологии аҳолӣ-асоси беҳдошти муҳити зист ва рушди устувор» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Иштирокдорони конфронс перомуни роҳҳои баланд бардоштани донишҳои экологии донишҷӯён ва боло бурдани маърифати экологии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Дар конфронс зикр шуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ таҳия шуда, нисбат ба ҳар яки онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷрои онҳо зери назорат мебошад. Яке аз чунин барномаҳо ин «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» мебошад, ки аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод гардидааст. Дар ин барнома тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳам аз ҷиҳати хуқуқӣ, вобаста ба рушди уствори экологӣ ба инобат гирифта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






