Маросими истиқболи расмии Президенти Латвия

Июнь 10, 2014 09:30

Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ин лаҳзаҳо дар назди Қасри Миллат маросими истиқболи расмии Президенти Латвия Андрис Берзиньш, ки бо сафари расмӣ 9 июни соли ҷорӣ вориди Душанбе шуда буд, оғоз гардид. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ҳарду давлат матраҳ шуда, мавзуъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб муҳокима ва баррасӣ мегарданд.Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Латвия ба имзо расанд. Маврид ба ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия соли 1992 барқарор шуда, заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Латвия аз 8 ҳуҷҷатҳои байнмҳукуматӣ иборат аст. Аз ҷумла Баёнияи муштараки Президентони Тоҷикистону Латвия; Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии худдорӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ; Протоколи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия.Бояд гуфт, ки ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ 20-21 ноябри соли 2013 барпо гардида, дар 9 моҳи аввали 2013 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 20347,5 ҳазор доллар расидааст.

Июнь 10, 2014 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст