Маросими истиқболи расмии Сарвазири Покистон
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ин лаҳзаҳо дар назди Қасри Миллат маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ 17 июни соли ҷорӣ вориди Душанбе шуд, оғоз гардид. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Навоз Шариф матраҳ шуда, мавзуъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб муҳокима ва баррасӣ гарданд.
Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистонба имзо расанд.
Маврид ба ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни соли 1992 барқарор гардидаанд.
Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки соли 1993 Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст. Алҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷ-би Амҷад Ҳусайн Сиал мебошад. Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Карочии Ҷумҳурии Исломии Покистон фаъолияти худро оғоз намуда, соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар расман ифтитоҳ гардид. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов мебошад.
Айни замон пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро қариб 40 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, ташкил менамояд.
Табодули моли байни ду кишвар дар соли 2013 ба 84,1 млн доллари ИМА расид, ки аз он содирот 19,9 млн долл. ИМА ва воридот 64,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҷумҳурии Исломии Покистон шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар минтақа буда, сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии саъю талоши ҷонибҳо ҷиҳати рушд ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунсамти дуҷониба ба ҳисоб меравад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






