Машғулиятҳои саҳроӣ дар Хатлон

Июнь 16, 2014 10:24

Душанбе,16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанде пеш дар машқгоҳи ҳарбии Сумбулаи вилояти Хатлон, дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ,  байни экипажи мошинҳои ҷангӣ ва дастаи тӯпчиёни қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рондану идора, тирпаронӣ аз мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш ва ду навъи артилерияҳои худгард машғулиятҳои саҳроӣ ба роҳ монда шуданд. Дар машғулиятҳо ҳайати шахсии экипажҳо ва дастаҳои бастии қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбеву Хатлон иштирок доштанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд,  масъулини Қӯшунҳои хушкигард аз ҳар як масъули гурӯҳ талаб карданд, ки ҳангоми тирпарронӣ аз техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ба рондану нигоҳдории аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва ба риояи талаботи бехатарӣ диққати махсус зоҳир намоянд. Рӯзи якум байни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо мусобиқа давидан ба масофаи 100 метр доир шуда, маҳорату малакаи сарбозон мавриди санҷиш қарор гирифт. 
Машғулиятҳои ронандагии афсарону сарбозони Қӯшунҳои хушкигард аз лаҳзаҳои омӯзишии гурӯҳи назоратчиёну танзимгарони роҳ шурӯъ гардида, ба ҳар як сарбоз риояи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ ва самти нақшавии ҳаракати техникаҳои ҷангӣ фаҳмонида шуд. 
Мақсад аз ташкили ин машғулиятҳо-пеш аз ҳама санҷиши малакаи касбии ҳайати идоракунандаи мошинҳои ҷангӣ ва тарбияи сарбозони ҷавон дар рӯҳияи ҷасурӣ, зудҳаракатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам баланд бардоштани донишҳои соҳавии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳамеша дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доштани онҳо мебошад. 
 
 
 

Июнь 16, 2014 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад