Машғулиятҳои саҳроӣ дар Хатлон
Душанбе,16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанде пеш дар машқгоҳи ҳарбии Сумбулаи вилояти Хатлон, дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, байни экипажи мошинҳои ҷангӣ ва дастаи тӯпчиёни қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рондану идора, тирпаронӣ аз мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш ва ду навъи артилерияҳои худгард машғулиятҳои саҳроӣ ба роҳ монда шуданд. Дар машғулиятҳо ҳайати шахсии экипажҳо ва дастаҳои бастии қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбеву Хатлон иштирок доштанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд, масъулини Қӯшунҳои хушкигард аз ҳар як масъули гурӯҳ талаб карданд, ки ҳангоми тирпарронӣ аз техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ба рондану нигоҳдории аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва ба риояи талаботи бехатарӣ диққати махсус зоҳир намоянд. Рӯзи якум байни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо мусобиқа давидан ба масофаи 100 метр доир шуда, маҳорату малакаи сарбозон мавриди санҷиш қарор гирифт.
Машғулиятҳои ронандагии афсарону сарбозони Қӯшунҳои хушкигард аз лаҳзаҳои омӯзишии гурӯҳи назоратчиёну танзимгарони роҳ шурӯъ гардида, ба ҳар як сарбоз риояи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ ва самти нақшавии ҳаракати техникаҳои ҷангӣ фаҳмонида шуд.
Мақсад аз ташкили ин машғулиятҳо-пеш аз ҳама санҷиши малакаи касбии ҳайати идоракунандаи мошинҳои ҷангӣ ва тарбияи сарбозони ҷавон дар рӯҳияи ҷасурӣ, зудҳаракатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам баланд бардоштани донишҳои соҳавии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳамеша дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доштани онҳо мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






