Мавсими лагерҳои тобистона оғоз меёбад

Июнь 6, 2014 11:49

Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона  Достонзода). —  Тибқи  дурнамо  аз  12  июн дар Тоҷикистон  лагерҳои  тобистонаи  кӯдакону  наврасон  ба  кор  шурӯъ  мекунанд.
Тавре  ки  мудири  шуъбаи  фарҳанг,  кори байни омма  ва  сиёсати  бахши  ҷавонони  Федератсияи  иттифоқҳои   касабаи Тоҷикистон Саъдӣ  Машидов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод,   дар  асоси Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  назди Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили  Тоҷикистон  ситоди «Тобистон – 2014» таъсис  ёфтааст, ки ба  он  роҳбарони кумитаҳои соҳавии  ҷумҳуриявӣ ва кормандони  масъули Федератсия  шомиланд. Ситоди  мазкур  барои  омодагирӣ ба  истироҳати  мактабиён  дар  фасли тобистон  корҳои  назаррасро  анҷом  медиҳад.
Мувофиқи  маълумоти  пешакӣ,  имсол дар  саросари  кишвар  ифтитоҳи  4  ҳазору 227  лагер  дар  назар  аст.
Тахмин  меравад, ки  лагерҳо  дар  чор  баст  кор  карда, дар  ҳар  басти он 357  ҳазору 242  нафар  истироҳат  мекунад. Имсол ятимони оилаҳои  камбизоат,  кӯдакони  болаёқат,  гирандагони  идрорпулӣ —    аъзои Академияи  хурди илмҳои  ҷумҳурӣ,  чун  солҳои  пештара, метавонанд  дар  лагерҳо ба таври  ройгон  истироҳат  кунанд.
Хотирнишон  месозем, ки  соли  гузашта  дар  3  ҳазору 779  лагер 350  ҳазору 253  нафар кӯдакону  наврасон  истироҳат  карда буданд.

Июнь 6, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!