Медали АБ ИДМ ба С. Гулов

Июнь 9, 2014 11:56

 
             Душанбе, 09.06.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Дар ҷаласаи навбатии  Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки 9 июн  таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, маҷмӯи  масъалаҳои муҳими марбут ба рушди  ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ гардиданд. 
       Аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника“,  „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи маориф“, „Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ“, „Оид ба ворид намудани тағйирот ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият“, „Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ матраҳ намуданд.
     Дар фарҷоми ҷаласа  Шукурҷон Зуҳуров- Раиси Маҷлиси намояндагон ба вакили палатаи поёнии Парлумон Сафаралӣ Гулов аз номи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  медал „Барои густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ“-ро супорид.

 

Июнь 9, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад