Медали АБ ИДМ ба С. Гулов
Душанбе, 09.06.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки 9 июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ гардиданд.
Аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника“, „Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи маориф“, „Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ“, „Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият“, „Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ матраҳ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Шукурҷон Зуҳуров- Раиси Маҷлиси намояндагон ба вакили палатаи поёнии Парлумон Сафаралӣ Гулов аз номи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медал „Барои густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ“-ро супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






