ММТ: маълумот барои довталабоне, ки соҳиби имтиёзанд

Июнь 19, 2014 17:03

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ба диққати довталабоне, ки пас аз бақайдгирӣ  соҳиби имтиёз гардидаанд, расонида мешавад, ки дар ин хусус ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот пешниҳод созанд. 
Ба иттилои Ситорабону Назарова зикри ном, номи падар ва хонаводагӣ, рақами назоратии худ (аз варақаи бақайдгирӣ), рақами муассисаи таълимӣ, ноҳия ва ё шаҳр, навъи имтиёз (ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ, номӣ, даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва даставии байни мактабҳои президентӣ аз фанҳои таълимӣ, ҳамчунин, олимпиадаҳои байналмилалӣ (ба истиснои олимпиадаҳои фосилавӣ) дар соли таҳсили 2013 — 2014) ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда тибқи талаботи “Тартиби муқаррар намудани имтиёзҳо ҳангоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” (нусха ё асли «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи ғолибияти хонанда дар олимпиадаи байналхалқӣ бо замимаи «Грамота», «Диплом» ё «Сертификат»-и Олимпиадаи байналхалқӣ) шарт аст.
Довталабон метавонанд нусхаи ҳуҷҷатҳоро тавассути почтаи электронии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон office@ntc.tj ирсол намоянд.
 
 
 
 

Июнь 19, 2014 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст