Модар ноболиғро 13 корд зад

Июнь 6, 2014 15:24

Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Дирӯз шаҳрванди 23-солаи шаҳри Турсунзода Марҷонаи Файзалӣ шоҳиди задани писари ноболиғаш ҳангоми бозӣ аз ҷониби Амирҷон Назирови 4- сола мегардад. 
Марҷона аз кирдори ноболиғ ба ғазаб омада, бо худ корд гирифта, ноболиғро ба байни буттаҳои марминҷон бурда, бо корди дар дасташ буда, 13 маротиба ба қисмҳои шикам, гурда ва тахтапушт  зада,  ба ӯ ҷароҳатҳои халандаву бурранда мерасонад. 
Дар натиҷа, ноболиғ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Дар айни замон  нисбат ба  Марҷонаи Файзалӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. 
Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.
 
 

Июнь 6, 2014 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш