Муҳоҷирони тоҷик ба шиносномаҳои хориҷӣ зарурат доранд

Июнь 30, 2014 11:04

Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2015 бо доштани фақат шиносномаҳои хориҷӣ ба Федератсияи Русия сафар мекунанд. Тавре ки сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Равон Мерганов хабар дод, акнун қарори Ҳукумати Федератсияи Русия, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия рафтуомад кунанд, аз эътибор соқит шудааст. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев қарор «Дар бораи тағйири феҳрасти ҳуҷҷатҳо барои тафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия», — ро имзо намуд. Лоиҳаи қарорро Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия таҳия намудааст. Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ, қарор аз 17 июни соли 2014 муайян мекунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фақат бо шиносномаҳои хориҷӣ, хидматӣ, дипломатӣ, шиносномаи баҳрнавард ва шиносномаи бозгашт ба Федератсияи Русия рафтуомад карда метавонанд.Ба Ҳукумати Русия супориш дода шуда буд, ки бо ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ (ба истиснои давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ) дар бораи на дертар аз соли 2015 муайян кардани тартиби рафтуомади шаҳрвандони ин давлатҳо ба Русия тибқи шиносномаҳои хориҷӣ гуфтушунид намояд.

Июнь 30, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад