Муҳоҷирони тоҷик ба шиносномаҳои хориҷӣ зарурат доранд
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2015 бо доштани фақат шиносномаҳои хориҷӣ ба Федератсияи Русия сафар мекунанд. Тавре ки сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Равон Мерганов хабар дод, акнун қарори Ҳукумати Федератсияи Русия, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия рафтуомад кунанд, аз эътибор соқит шудааст. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев қарор «Дар бораи тағйири феҳрасти ҳуҷҷатҳо барои тафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия», — ро имзо намуд. Лоиҳаи қарорро Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия таҳия намудааст. Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ, қарор аз 17 июни соли 2014 муайян мекунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фақат бо шиносномаҳои хориҷӣ, хидматӣ, дипломатӣ, шиносномаи баҳрнавард ва шиносномаи бозгашт ба Федератсияи Русия рафтуомад карда метавонанд.Ба Ҳукумати Русия супориш дода шуда буд, ки бо ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ (ба истиснои давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ) дар бораи на дертар аз соли 2015 муайян кардани тартиби рафтуомади шаҳрвандони ин давлатҳо ба Русия тибқи шиносномаҳои хориҷӣ гуфтушунид намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






