Муҳокимаи масоили мубрами бахши ҳуқуқҳои инсон

Июнь 19, 2014 11:16

Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – 18  июн  дар  шаҳри  Душанбе  машварати омодагирӣ дар  мавзӯи  «Масоили  мубрами бахши ҳуқуқҳои  инсон  дар  Тоҷикистон» ба  кораш  шурӯъ  намуд. Ин  чорабинӣ бо  ибтикори  дафтари  Созмони  амнияту  ҳамкорӣ  дар  Аврупо воқеъ  дар  Тоҷикистон   зимни  ҳамкории  зич  бо Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шудааст.
Дар  кори  машварат  роҳбари ҳайати   дафтари Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо  дар  Тоҷикистон  Маркус  Мюллер,  роҳбари  шуъбаи  кафолатҳои  ҳуқуқҳои  инсони  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  ҶТ  Музаффар  Ашӯриён  ширкат  доранд. Намояндагони  Пажӯҳишгоҳи  ҳуқуқҳои  инсони  Иттиҳодияи  байналмилалии ҳуқуқшиносон  Нигина  Баҳриева ва  Қаҳрамон Сангинов  ташаббускорони  ин  чорабинӣ  маҳсуб  меёбанд.
Маркус  Мюллер зимни  суханрониаш  қайд  намуд, ки чорабинии  мазкур амалияи  дарозмӯҳлати  мусбати ҳукумат  ва  ҷомеаи  шаҳрвандӣ,  созмонҳои  байналмилалию  ҷамъиятӣ  барои  ҳалли  масоили  мубрами  ҳуқуқҳои  инсон  ба  шумор  меравад. «Дар  асоси  натиҷаҳои  чунин  чорабинӣ тавсияҳои  дахлдор  ироа  мешаванд. Ба  туфайли  тавсияҳои  судманд  соли  2013 дар  Тоҷикистон  амалияи маҷбуран  дастгир  намудан ва барои  адои  хидмат  ба  артиш  фиристодани ҷавонони вазъи  саломатиашон   ногувор  хотима  ёфта,  барои таъмини  иҷрои  қарорҳои  судӣ  дар  мавриди ҷуброни  зарари  моддию  маънавӣ  тадбирҳо  андешида, дар  фаъолияти  ҳизбҳои  сиёсии  кишвар  пешравиҳои  мусбат  ба  назар  мерасанд. Сарфи  назар  аз  ин, дар  бахши  ҳуқуқҳои  инсон  ҳанӯз  бисёр  масъалаҳои  ҳалнашуда  мавҷуданд, ки онҳо ба  барномаи  кор  барои  соли  2015 дохил  карда шудаанд», —  гуфт  М.Мюллер.
Ваколатдори  ҳифзи  ҳуқуқҳои  инсон  дар  Тоҷикистон  Зариф  Ализода  зимни  суханрониаш  тавсияҳои  пештараи  машварат ва   дастовардҳои   бахши  ҳуқуқҳои  инсон тайи  солҳои охирро ҷамъбаст  намуд. Мавсуф   зикр  намуд, ки тавсияҳои  иштирокдорони  машваратҳои солҳои гузашта  мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд. Дафтари  ваколатдори  ҳифзи  ҳуқуқҳои  инсон  ҷараёни татбиқи Барномаи  давлатии  маориф дар бахши  ҳуқуқҳои  инсон  барои  солҳои  2013 – 2020 – ро  танзим  менамояд.
Дар  ҷараёни  машварат  ҳамчунин  мавзӯъҳои  консепсияи   ҳамкории  пулис  ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ,   иҷрои Протоколи  Истамбул – таҷзияи  тиббии судӣ дар  мавриди ҳодисаҳои ҷабрдиҳӣ ва рафторҳои  ношоиста,  озодии  ВАО  ва  дастрасӣ  ба иттиллот,  плюрализми  сиёсӣ ва  интихоботи  демократӣ  муҳокима  шуданд.

Июнь 19, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд