Муаммоҳои муосири математика ва методикаи таълими он
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Конфронси байналмилалии «Муаммоҳои муосири математика ва методикаи таълими он», ки бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-солагии олимони соҳаи математика Абулқосим Муҳсинов, Акбар Нозимов, Саттор Байзоев, Дилбар Осимова ва Қамариддин Тӯхлиев 28-29 июн дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров баргузор гардид.Тавре сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар конфронс муовини раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Мерган Шабозов, муовини раиси вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова, академикҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусрат Раҷабов, Мамадшо Илолов, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Мансур Нуъмонов, инчунин устодон ва муҳаққиқони ҷавон аз макотибҳои олии кишвар ва дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар ширкат доштанд.Мерган Шабозов зикр намуд, ки баргузории чунин конфронси байналмилалӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба илми математика афзун гардида, ба ин васила эшон дар рушду тараққиёти кишвар саҳми муносиб мегузоранд.Раъно Бобоҷонова афзуд, ки математика — маликаи фанҳост, бедор намудани шавқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ талаби замон буда, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ба чунин мутахасисон ниёзмандии бештар дорад.Сипас, дар баромадҳои пленарӣ маърӯзаҳои декани факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Шавкат Шарипов, академикони Академияи илмҳо Мерган Шабозов, Мамадшо Илолов, Нусрат Раҷабов, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Мансур Нуъмонов шунида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






