Мухаддирот дар қубури обгузар
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Хуҷанд кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд сокини 37-солаи маҳаллиро дастгир карда, аз ӯ халтаи селофаниро бо маводи нашъаовари ҳашиш ошкор намуданд.Инчунин дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида, аз дохили қубури обгузар махфигоҳ ошкор гардид, ки дар дохили он қариб 3 кг маводи нашъаовари ҳашиш ва героин пинҳон карда шуда буд.Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






