Мулоқоти Қоҳир Расулзода Янош Ҳерман

Июнь 9, 2014 11:57

Душанбе, 9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба  Осиёи Марказӣ  Янош  Херман мулоқот кард.
Дар мулоқот ба раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон  бо Иттиҳоди Аврупо дар панҷ соли охир  баҳои баланд дода шуда, нақши намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар муколама ва таҳкими робитаҳои дуҷониба  назаррас арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо доир ба дурнамои Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 табодули афкор карда,  изҳори боварӣ намуданд, ки дар доираи татбиқи стратегияи мазкур  ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, истифодаи захираҳои об дар минтақа, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ бештар таҳким меёбанд.
Дар мулоқот, ҳамзамон масоили дигари мавриди тавваҷўҳи ҷонибҳо, аз ҷумла ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар минтақа, ҳифзи сарҳади  давлатӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  баррасӣ шуд.
 

Июнь 9, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад