Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Ризо Ҷамшедӣ
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндагони Ҷумҳурии исломии Эронро бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хуросони Разавӣ Ризо Ҷамшедӣ ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳайати намояндагии вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бо мақсади баргузории намоишгоҳи байналмиллалӣ дар шаҳри Хуҷанд ба вилоят ташриф овардаанд, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ду вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Зикр гардид, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Эрон ҳамчун ду кишвари ҳамдину ҳамзабон сол то сол густариш меёбад ва далели ин ҳамкориҳо ҳузури беш аз 200 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар самтҳои мухталиф фаъолият мебаранд.Ба иттилои сомонаи расмии раиси вилоят, зимни шиносоӣ бо вазъи иқтисодии вилоят аз рушди босуръати соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар Суғд ёдоварӣ шуд. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо мутахассисони эронӣ дар маркази вилоят маркази таълимии «Шероз» таъсис ёфтааст, ки инҷо коршиносони эронӣ ба бонувони вилоят санъати гилембофиро меомӯзанд. Дар ин замина ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ҷиҳати таъминот бо абрешими хушсифат дар вилоят таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир карда мешавад ва айни ҳол иқтидори истеҳсоли пилла 800 тоннаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






