Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ёвари котиби давлатии ИМА доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ
Душанбе, 02.06.2014 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи бештар ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, хусусан ба дурнамои вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон зоҳир гардид.Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон дар нигаҳдории амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пуштибонии он аз нерӯҳои байналмилалӣ дар умури таҳкими эътидоли иҷтимоию сиёсӣ дар Афғонистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон аз номи роҳбарияти кишвари худ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Ниша Десай Бисвал омодагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маорифу тандурустӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






