Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таълимии бахши гумруки Осиёи Марказӣ
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – 29 май мулоқоти 5 — уми минтақавии роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимии бахши гумруки Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он 20 нафар кормандони хадамоти гумруки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Тавре ки аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, мулоқот дар ҳошияи консорсиуми гумрукӣ сурат гирифт. Консорсиум бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадоти Осиёи Марказӣ таъсис ёфтааст, ки онро Барномаи рушди СММ дар амал татбиқ менамояд.
Дар мулоқот ҳамчунин намояндагони Барномаи назорати содирот ва амнияти сарҳадоти Ҳукумати ИМА ва Коллеҷи сарҳадии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок доштанд.
Иштирокдорони консорсиум дар ҷараёни мулоқот дар мавриди тағйироти охирини раванди таҳсилоти муассисаҳои таълимии мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Қобили зикр аст, ки барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадоти Осиёи Марказӣ ташкили консорсиумҳои сарҳадию гумрукии муассисаҳои таълимӣ дар Осиёи Марказиро дастгирӣ намуда, ба барқарор намудани равобити байни чунин консорсиуму муассисаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо дар бахши назорати сарҳадию гумрукӣ мусоидат мекунад.
Вазифаҳои барнома иборат аз таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ ва дастгирии тиҷорату транзити қонунӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






