Мулоқоти С.Аслов бо К.Ҳироки
Душанбе, 30.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- 29 июни соли равон дар Токио, дар доираи сафари расмии худ ба Япония вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо узви Котиботи СММ доир ба масъалаҳои об ва беҳдошт Кендзо Ҳироки мулоқот анҷом дод.Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба масоили робитаҳои Тоҷикистону Япония, ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.Ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, амнияти обӣ ва беҳдошт, аз ҷумла роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204 бо унвони «Ҷашни соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013», ки 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, мубодилаи афкор сурат гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






