Мулоқоти Ш.Саид бо Лонг Пенг Фу
Душанбе, 23.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ба манзури омодагӣ ба форуми сармоягузорию тиҷоратии аҳли тиҷорати Тоҷикистону Малайзия ва дар ҳошияи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия 20 июн раиси ПСС ҶТ Шариф Саид дар шаҳри Куала — Лумпур бо Директори генералии Вазорати тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия Лонг Пенг Фу мулоқот намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни мулоқоти судманд масоили муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Малайзия мавриди муҳокима қарор гирифта, зикр шуд, ки тарафайн ҷонибдори рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан муфиди соҳибкорон ва аҳли тиҷорати ҳар ду кишваранд.Зимни мулоқот раиси ПСС ҶТ Шариф Саид аз имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, заминаи қонунгузорӣ, низоми андозбандӣ, гумрукию бонкӣ ва имтиёзҳо иттилоъ дод. Ба гуфтаи Шариф Саид, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сохтмон, обёрӣ, нақлиёт, тандурустӣ, хоҷагии коммуналӣ ва намоишгоҳу ярмаркаҳо ба ҷонибҳо имкон медиҳанд, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан муфидро рушду густариш дода, дурнамои онро муайян намоянд. Тоҷикистону Малайзия барои рушди муносибатҳои дуҷониба имконияти кофӣ дошта, омодаанд, ки барои комёбӣ дар ин самт саъю кӯшиш намоянд, — гуфт Лонг Пенг Фу. Мавсуф ба масоили ҳамкории истеҳсолкунандагони Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии савдо мароқ зоҳир намуда, фикри раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ – ро дар мавриди рушду густариш бахшидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дастгирӣ кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






