Мулоқоти Ш.Саид бо М.Муҳаммад
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Куала Лумпур бо вазири савдо ва саноати Малайзия Мустафо Муҳаммад мулоқот анҷом дод.Тавре ки аз дафтари матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусоҳибон вазъу дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.«Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ба Малайзия ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварваҳоямон, бешубҳа, мусоидат хоҳад кард», — гуфт Мустафо Муҳаммад. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба вазъи мусоиди сармоягузорӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иброз дошт, ки соҳибкорони Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо сохторҳои тиҷоратии Малайзия ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Шариф Саид ба Мустафо Муҳаммад пешниҳод намуд, ки масъалаи дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи молҳои саноатӣ, технологияҳои пешқадам ва таҷҳизоти Малайзия ва анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Малайзияро баррасӣ намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






