Мулоқоти Шамсиддин Орумбеков бо Жгенти Константин
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Чанде қабл вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Гурҷистон дар Тоҷикистон Жгенти Константин дар Вазорати фарҳанг баргузор гардид.Дар мулоқот тарафҳо ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон андешаронӣ намуданд. Инчунин тарафҳо пешниҳодҳои худро ҷиҳати ҳамкориҳои гуногуни фарҳангӣ ироа намуда, зикр карданд, ки барои дар амал татбиқ намудани ин иқдомҳо санади асосӣ, яъне Созишномае дар соҳаи фарҳанг бояд ба имзо расад, то ин ки замина ва асосе барои фароҳам овардани ин ҳамкориҳо гардад.Шамсиддин Орумбеков дар навбати худ ҷиҳати вусъати ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ миёни ду кишвар изҳори ақида намуда, ҳамаи он пешниҳодҳои фиристодаи Гурҷистонро пазируфта, онро хеле муҳим арзёбӣ намуд ва барои ҳар чӣ зудтар ба имзо расидани санади муҳим таъкид кард.Инчунин дар ҷараёни суҳбат тарафҳо дар мавриди ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон ва Гурҷистон табодули андеша карданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






