Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Эдгарс Ринкевичс
Душанбе, 11.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Косим).- Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Ринкевичс 10 июня дар шаҳри Душанбе баргузор гашт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Латвияро дар заминаи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи мулоқоти сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе 10 июни соли ҷорӣ ҳосил шуд, баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи хосса ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаҳои дуҷониба, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Латвия ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди соҳибкорон ва дигар доираҳои алоқаманди ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ ва зарурати татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, ки ба рушди иқтисодии ин кишвар ва беҳдошти соҳаҳои иҷтимоии он равона шудаанд, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Суҳбат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ баргузор шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






