Мулоқоти ваколатдор оид баҳуқуқи инсон бо Сафири Озарбойҷон

Июнь 12, 2014 11:45

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – 11 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоти ваколатдор оид баҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот рушди муносибатҳои байни мақомоти давлатии ҳар ду кишварро бо камоли қаноатмандӣ зикр карда, имкониятҳои ҳамкории мутақобилан муфид дар бахши ҳуқуқҳои инсонро қайд намуданд. Зариф Ализода ба мусоҳиб аз кори иҷрошуда дар ин бахш тайи панҷ соли гузашта ва нақшаҳои оянда хабар дод.Сафир Аббосалӣ Ҳасанов дар навбати худ дар бораи озодиҳои ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон нақл кард. Мусоҳибон хусусиятҳои хоси ҳар ду кишварро ба назари эътибор гирифта, аҳамияти мубодилаи таҷриба ва ташкили сафари ҳайатҳо ба кишварҳои якдигарро қайд намуданд.Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни ҷиҳатҳои мухталифи ҳуқуқӣ ва сиёсию психологии вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон мубодилаи афкор намуданд.

Июнь 12, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад