«Мушкилоти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи тибби муосир»

Июнь 3, 2014 09:20

Кӯлоб, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).- Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи тибби муосир» баргузор гардид. 
Мақсади конфрос ҷалб намудани ҷавонон ба илми ҷаҳонӣ,ташвиқу тарғиби илми муосир, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ, дастраси аҳолӣ гардонидани усулҳои камхарҷу сифатноки тиббӣ ва устувор намудани заминаҳои моддию техникӣ мебошад. 
Дар конфронс намояндагони донишкадаву коллеҷҳои тиббии кишварҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон ширкат варзиданд.  

Июнь 3, 2014 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш