Мусобиқаи ҷумҳуриявии кӯҳнавардӣ дар Варзоб
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Руќияи Боймамад). — 7-8 июн дар лагери кӯҳнавардии Варзоб, воқеъ дар километри 54-уми роҳи ноҳияи Варзоб мусобиқаи ҷумҳуриявии кӯҳнавардии варзишӣ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон доир мегардад.
Дар чорабинӣ иштироки дастаҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ дар назар аст.
Ҳамчунин 13-14 июн мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ба хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум доир мегардад. Дар чорабинӣ дастаҳои Хатлон, Душанбе, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат хоҳанд кард.
Ҳамзамон 17-18 июн дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини юнонию румӣ байни калонсолон барои дарёфти чоми Мурабббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қутфуддинов доир мегардад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






