Мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Вазорати корҳои хориҷии ҶТ»

Июнь 5, 2014 10:15

Душанбе, 05.06.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим).- Аз 24 май то 3 июни соли 2014 дар Душанбе мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе баргузор гардид.Чорабинии мазкур ба «Соли футболи оммавӣ» дар Тоҷикистон, ки имсол аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, бахшида шуд. Дар мусобиқа даҳ даста, аз ҷумла сафоратҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Қатар ва Арабистони Саудӣ, дастаи муштараки созмонҳои байналмилалӣ (UNION), Созмони ҳамкории Олмон (GIZ) ва Вазорати корҳои хориҷӣ ширкат доштанд.Бозии ниҳоӣ, ки 3 июн миёни дастаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дастаи муштараки созмонҳои байналмилалӣ (UNION) баргузор гардид, бо ҳисоби 3-0 бо пирӯзии дастаи Вазорати корҳои хориҷӣ анҷом ёфт. Ҷойи сеюмро дастаи Созмони ҳамкории Олмон (GIZ) ишғол намуд.Вазорати корҳои хориҷӣ ба сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар мусобиқаи мазкур ширкат доштанд, арзи сипос менамояд.

Июнь 5, 2014 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад