Мусобиқоти футболбозони ҷавон
Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). — Дар шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни кӯдакони соли таваллудашон 2000 — 2001 ба хотири ёдбуди Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон Арнолд Тер — Казарян идома дорад.Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқот ҳашт даста иштирок дорад. Дастаҳои иштирокдорони мусобиқот ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Суғд — 1» — и Хуҷанд, «Душанбе — 1» (гурӯҳи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва «Хатлон — 2» — и шаҳри Кӯлоб шомиланд. Гурӯҳи «Б» иборат аз дастаҳои «Суғд — 2» (ноҳияи Ҷаббор Расулов), «Рашт», «Хатлон — 1» (шаҳри Қӯрғонтеппа), «Душанбе — 2» мебошад.Вохӯриҳои ниҳоии мусобиқоти рӯзи ҷумъаи 27 июн баргузор мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






