Мусодираи беш 111 кг бангдона дар Суғд
Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Рӯзҳои 9-10 июни соли 2014 ҳангоми гузаронидани амалиёти “Кукнор-2014” аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд миқдори зиёди ниҳолҳои худрӯи “бангдона” дарёфт ва мусодира шуд.Аз ҷумла, дар заминҳои хоҷагии кишоварзии ҷамоати деҳоти Палоси шаҳри Чкалов 2010 бех, аз хоҷагии деҳқонии Дилшоди ноҳияи Конибодом 2000 бех ва аз хоҷагии деҳқонии Мақсудахони ҳамин ноҳия 1000 бех, аз ҳудуди заминҳои бригадаи №3-и ҷамъияти саҳҳомии Э. Бойматови ин ноҳия 30 000 бех, аз ҳудуди заминҳои ёрирасони шаҳрванд Зинат Абдуманоноваи 44 сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 520 бех, аз ҳудуди заминҳои ёрирасони шаҳрванд Олимҷон Қобилов, соли таваллудаш 1947, сокини ноҳияи зикргардида 835 бех ва аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии Пирматови ҳамин ноҳия 2100 бех ниҳоли худрӯйи бангдона дарёфт гардид.Дар маҷмуъ тайи ин ду рӯз 38 ҳазору 465 бех ниҳоли худрӯи бангдона, ки вазнашон 111 килою 614 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






