Мусодираи зиёда аз 25 кг маводи нашъаовар

Июнь 16, 2014 14:11

Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванди 26 -сола Саидқул Зоиров, сокини ноҳияи Фархор дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 8 кг 379 грамм маводи нашъадори афюн ва 16 кг 08 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Сарчашма ҳамчунин хабар медиҳад, ки ҳангоми як чорабинии дигар дар шаҳри Истаравшан аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД-и шаҳри мазкур дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи сокини 34-солаи маҳаллӣ Мӯсо Яҳёев 1 кг 220 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. 
Нисбат ба  далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 

Июнь 16, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад