Мусоидати ИМА ба таҳлили далелҳои шайъӣ дар Тоҷикистон

Июнь 12, 2014 16:19

Душанбе,12.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Имрӯз Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таҷҳизоти навро ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Тоҷикистон тақдим намуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин иқдом иқтидори лабораторияи криминалистиро ҷиҳати коркард ва таҳлили далелҳои шайъӣ дар ҷои содиршавии ҷиноят баҳри фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон баланд мебардорад.Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ намояд.

Июнь 12, 2014 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд