Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ
Душанбе, 30.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба 17-умин солгарди Ваҳдати Миллӣ ҳафтаи гузашта дар Шӯрои адлия бо иштироки муовинони раиси Шӯрои адлия Саидзода Ҷамолхон, Мавлуда Қаландарзода ва судяҳои судҳои иқтисодӣ ва ҳарбии гарнизони Душанбе, суди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мизи мудаввар баргузор гардид.Мавлуда Қаландарзода иброз намуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу субот, пойдории мулку бақои давлати Тоҷикистонро таъмин сохт. Дигар иштирокдорон дар мавзуъҳои «Роҳ ба сўи сулҳ, ризоият ва Ваҳдати миллӣ», «Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст», «Ваҳдат татбиқкунандаи орзу ва ормонҳои миллат», «Ташаккули ҳокимияти судӣ дар фазои Ваҳдати миллӣ», «Санаи таърихӣ ва тақдирсоз-рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Ваҳдатӣ миллӣ бақои миллат», «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон» маърӯзаҳо намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






