Намоиши китобҳои тозанашр дар КМТ

Июнь 20, 2014 14:55

 Душанбе, 20.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Имрӯз, 20 июни соли равон дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашр баргузор гардид. Тавре ки аз Китобхонаи миллии  кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин намоиш адабиёти тозанашри бист давлат, аз қабили Туркманистон, Қазоқистон, Арабистон, Япония, Чин, Амрико, Ҳиндустон, Покистон ки бо Китобхонаи миллӣ ҳамкорӣ менамоянд, дар маърази тамошо буданд. 
  Шуъбаи адабиёти хориҷӣ фаъолияти худро аз соли  1956 дар Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ оғоз карда,  то ба имрӯз дорои беш аз 88 ҳазор адад китоб мебошад. Шуъбаи мазкур адабиёти 42 давлати ҷаҳонро дар шуъба маҳфуз дошта, бо 22 кишвари ҷаҳон ҳамкории зич дорад.
Ёдовар мешавем, ки намоиши китобҳо аз 20 то 30 июни соли равон  идома меёбад.

Июнь 20, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд