Нашри китоби нави сиёсатшиноси тоҷик

Июнь 12, 2014 09:10

Душанбе, 12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ», таҳти чунин унвон нашриёти «Контраст» китоби нави сиёсатшиноси тоҷик Зафар Сайидзодаро аз чоп баровард. Китоб дар бораи муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ — забони тоҷикӣ ва нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон аст. Муаллиф кӯшидааст андешаҳои худро дар партави суханҳои хирадмандона ва ҳикматомези Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон бобати омӯхтан, гиромӣ доштан ва қудрату тавоноии забони тоҷикӣ, иброз намояд. Ин асар баҳри дар зеҳни ҳаммеҳанон, хусусан ҷавонон, парваридани завқи баланди бадеӣ ва хушгуфторӣ мувофиқ мебошад. Китоб барои омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи дӯстдорони каломи бадеъ пешбинӣ шудааст.

Июнь 12, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад