Нашри махсуси «Номаи Донишгоҳ»

Июнь 25, 2014 11:44

Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-28-29 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров таҳти унвони «Муаммоҳои математикаи муосир ва усули таълими он» бахшида ба 20- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60- солагии олимони варзидаи илми математика Абулқосим Муҳсинов, Акбар Нозимов, Саттор Байзоев, Дилбар Осимова ва Қамариддин Тӯхлиев конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз кумитаи тадорукоти ин ҳамоиши байналхалқӣ иттилоъ доданд, ба ин муносибат дар нашри махсуси маҷаллаи илмии донишгоҳ «Номаи Донишгоҳ» дар равияи илмҳои дақиқ дар ҳаҷми 2 қисм маҷмӯи мақолоти конфронс ба нашр расидааст. Муаллифони мақолаҳо роҷеъ ба муаммоҳои мубрами математика ва роҳҳои ҳалли он, аз ҷумла дар бораи таҳсилоти фосилавӣ ва самаранокии он дар раванди таҳсилот, истифодаи технологии навин дар таълими фанҳои мактабӣ, мушкилоти омӯзиши дастовардҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инкишофи тафаккури хонандагон, нақши таълими информатика дар ташаккули афкори хонандагони синни хурди мактабӣ, рушди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар даврони Истиқлолият, омӯзиши муодилаи хаттӣ дар таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарси технология андешаҳои илмии хешро нигоштаанд.Гуфта мешавад, ки дар конфронси байналхалқӣ олимони варзидаи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок ва маърӯза менамоянд.
 
 

Июнь 25, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд